Сафи ҳизб аз ҳисоби ҷавонон меафзояд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо ҷавонони ноҳияи Панҷ бо як рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ ва масъулияти баланд ба сафи ҲХДТ аъзо шуда, пайрави аз мактаби сулҳҷӯёнаву ободкоронаи Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро менамоянд. Ҷавонони ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии  “Табибони ҷавон” низ масъулият эҳсос намуда, ба КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аризаи худро барои пайвастан ба сафи ҲХДТ пешниҳод карда буданд ва аз ҷониби масъулини ҳизбӣ шаҳодатномаи онҳо супорида шуд.

 

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон иштирок намуда ба ҳар яки онҳо шаҳодатномаи ҳизбӣ тақдим намуд. Бояд қайд намуд, ки аъзои ҳизб  будан масъулияти баландро талаб менамояд, зеро ки ҲХДТ  ҳамчун ташкилоти ҷаъмиятии сиёсӣ буда, бо роҳи иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа барои таҳкими давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, инчунин рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум фаъолият менамояд.