Ташаббусҳои ҳизбӣ дар маҳаллаҳои ноҳияи Панҷ амалӣ мегарданд.

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Панҷ: Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо дар маҳаллаву деҳаҳои ноҳияи Панҷ як қатор корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо вусъат идома дорад. Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии “Баҳор” бо ҷалби соҳибкорони ин маҳалла 2,5 км роҳи мошингард пурра сангфарш карда шуд. Минбаъд ин иқдоми нек идома ёфта, сокинону соҳибкорон баҳри ободии деҳаву маҳаллаи худ кӯшиши зиёде ба харҷ медиҳанд.