Роҳсози савоби ҷория аст

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Панҷ: Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯзҳо корҳои ободониву бунёдкори бо вусъат идома дорад.Санаи 5-уми майи соли 2023 бо ташабуси раиси ташкилоти ибтидоии “Баҳор” ва иқдоми пешгирифтаи ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” ва аъзоёни фаъоли ҳизб саховатмандону соҳибкорон, барои корҳои созандагӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои сангфаршкунии пурраи роҳ бо 10 тонна сангу шағал роҳҳои байни маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Панҷро дар масофаи 6 км бо ҷалби сокинони ин маҳалла сангфаршкунӣ дар сатҳи хуб гузаронида шуд. Бояд қайд намуд, ки дар асоси нақшаи пешбини шуда, дар ҳамаи кучаву маҳаллаҳои ҷамоати шаҳраки Панҷ сангфаршкунии пурраи роҳ идома дода шуда ба мумфаршкуни шуруъ менамоянд.