Ҷавонон ояндасози миллат

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Панҷ: Бо мақсади татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ дар самти ҷавонон ва мавқеи онҳо дар раванди амалишавии сиёсати Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии ин қишри ҷомеа дар шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави реаксионӣ ва ҷалби ҷавонони ватандӯсту худогоҳ ба маъракаи даъват ба Артиши миллӣ, бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия дар Литсейи касбии техникии №51 ноҳияи Панҷ вохӯрии судманд баргузор гардид. Ҳозирин ба ин масоил изҳори андеша намуда толибилмони ин даргоҳи илму маърифатро бобати тақвими ҳиси ватандустӣ, ҳувияти миллӣ, ҳифзи марзу буми меҳани азиз ҳидоят карданд. Иштирокчиёни вохӯрӣ низ дар масъалаи мубрами рӯз фикру андешаронӣ карданд.