Нафақаи ҳизбӣ дар арафаи иди саиди фитр расонида шуд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Панҷ: 20-уми апрели соли ҷорӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди саиди фитр аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба як нафар маъюб Ахмедов Давлатмурод сокини ҷамоати шаҳраки Панҷ кучаи Рудаки 64  нафақаи ҳизби аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи, Панҷ расонида шуд.

Максади асосии ҲХДТ фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоиста, таъмини ҳифзи иҷтимоӣ, фароҳам овардани заминаҳо барои таҳкими нерӯ ва қобилияти ҳар як шаҳрванд мебошад. Имрӯз дар кишвар расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд ба ҳукми анъана даромадааст.

Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон дода истодааст.