ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани кўчаю гулгаштҳои маркази шаҳрак, ҳамзамон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани Наврӯзӣ дар замини назди бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ аксияи ҳизбии «Якҷоя месозем!» таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!» доир гардид.

Мавриди зикр аст, ки аксияи ҳизбӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардида, гирду атрофи бино тоза карда шуда, зиёда аз 35 адад ниҳолҳои  ороишӣ, сояафкан шинонида шуд.