Аксияи “Рӯзи ёдовари” баҳри тозаву озода ва шод намудани рӯҳи гузаштагон

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки ниёгон ва эҳтиром гузоштан ба насли калонсолу гузашта, эмин нигоҳ доштану ҳифзи оромгоҳҳо ва тарбияи насли наврас дар руҳияи анъанаҳои неки миллӣ Аксияи умуминоҳиявии «Рӯзи ёдоварӣ» дар ҳамкорӣ бо раисони маҳалла ва 3-нафар ходимони дин, аъзои ҳизб, ҷонибдорон ва сокинон дар ду  қабристони ноҳия баргузор гардид.

Дар қабристонҳои ҷамоатҳои деҳоти Нури Ваҳдат ва Шаҳрак  сокинон ҷамъ омада  гирду атрофи оромгоҳҳоро тоза карда  бо руҳияи баланди инсондӯстона ва арҷ гузоштан ба гузаштагонамон саҳми назарраси хешро гузоштанд.