Тадбиқи  ташаббусҳои ҳизбӣ – мароми мо!

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 Панҷ: Дар партави дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб ва бо мақсади таҷлили сазовори яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ – Наврӯзи Аҷам дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи ба номи Имом Машраб корҳои созандагию бунёдкорӣ суръати тоза касб намуда истоданд.Дар ин росто ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии номбурда дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” зиёда аз 2км, роҳҳои ҳудуди деҳаро таъмиру азнавсозӣ ва мумфарш карда, симои деҳаро кулан тағир доданд. Ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии болозикр тасмим гирифтанд, ки минбаъд низ раванди корҳои ободониро вусъат бахшида, ин замини бузурги миллиро бо дастовардҳои арзанда ҷашн гиранд.