Навруз – иди ниёгони мо

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Панҷ: Санаи 17-уми марти соли ҷорӣ дар Гимназияи давлатии ноҳияи Панҷ чорабинии тантанавӣ, таҳти унвони “Кадбонуи беҳтарин”, бахшида ба Наврӯзи аҷам гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ ҳаммаи Омӯзгорон ва хонандагони Гимназияи Давлатӣ фаъолона иштирок доштанд.

       Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Наврӯз “рӯзи нав” маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯзро ҳар сол бо муҳаббату самимият пешвоз гирифта, муждагонӣ аз баҳори нозанину Наврӯзи оламафрӯз аст.

 

 Наврӯзи аҷам зинда кунад хоки куҳанро,

 Аз нав бикунад ҷома бар тан боғу чаманро.

 Аз партави хуршед замин гарму чаман гарм,

 Аз ҳиммати пайсон дили деҳқони Ватан гарм.