Ташаббусҳои ҳизбӣ амалӣ мешаванд

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар ҳошияи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ ва нақша – чорабиниҳои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баҳри татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб корҳои ободонию созандагии ҳизбиён вусъати тоза касб намуда истодаанд. Дар ин росто, бо ташаббуси бевоситаи ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи “Баҳор” - раисаш Имомқулов Муҳиддин бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ пули мошингузари дохили маҳаллаи номбурда, ки солиёни зиёд куҳнаю фарсуда шуда буд, аз нав сохта шуда истодааст.

Дар ин кори басо хайру савоб ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии номбурда тасмим гирифтанд, ки то ҷашни бузурги миллӣ – Наврӯзи Аҷам иншооти мазкурро бо сатҳу сифати ҷавобгӯ ба талаботи шаҳрсозӣ сохта, мавриди истифода қарор диҳанд.