Ҷараёни корҳои ободони дар ноҳия

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  


Панҷ:  Бо мақсади вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррам гардонидани ҳар гушаи диёр бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҳизбии ноҳия пайваста маъракаҳои дастаҷаъмона гузаронида мешавад. Дар ин росто масъулини Кумитаи иҷроияи ноҳия баҳри тоза намудани гирду атрофи корхона ба шанбегии дастаҷаъмона баромаданд. Дар ин кори хайр  кормандони Кумитаи иҷроияи  ноҳия фаъолона иштирок намуда, гирду атрофи корхона  ва бехи дарахтони атрофи онро  рубу чин ва нарм карданд.Мавриди зикр аст, ки минбаъд чунин ташаббусҳо ва корҳои тозагию оббодонӣ ҳаррӯза бо иштироки кормандони ноҳиявии ҳизб ва дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, баҳри сазовор таҷлил намудани Наврӯзи Аҷам, баргузор мегардад.