“Якҷоя месозем!”

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбии “Якҷоя месозем!” имрӯзҳо аз ҷониби сокинони деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Панҷ хуш пазируфта шуда, корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо маром идома дорад.Сурат гузориш аз рафти корҳои ободкорӣ дар ноҳияи Панҷ. Дар асоси накшаи тасдикгардидаи Кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохияи Панҷ имрӯз аз тарафи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз” 800 метри мураббаъ роҳҳои мошингарди маркази ноҳияи Панҷ мумфарш карда шуд. Бо сабаби сард омадани зимистони имсола роҳҳои мошингард харобу валангор шуда буданд. Бинобар ин кормандони ташкилоти ибтидоии “Роҳсоз” тасмим гирифтанд, ки камбудиҳоро бартараф намоянд.