Нафақаи ҳизби дар арафаи таҷлилӣ Иди Модарон таъмин гардид.

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

 

 

 

Панҷ: Санаи 02.03.2023 соли равон бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бахшида ба Иди модарон ба як нафар нафар маъюб Юсупова Зарагул Нуровна, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов деҳаи Кӯҳдоман нафақаи ҳизбӣ супорида шуд. Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, ин шахси маъюб таҳти ғамхорӣ қарор гирифта ва бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.