Баргузории аксияи ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ".

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Панҷ:Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ ба маълумоти  Шумо мерасонад, ки тибқи банди 3-и нақшаи муштараки амалиёти умумивилоятӣ оид ба тоза намудани дохил ва атрофи қабристонҳо зери унвони “Рӯзи ёдоварӣ”  санаи 24-уми феврвли  соли ҷорӣ дар ҷамоати   деҳоти “Намуна” деҳа Чорсу ҳашари умуминоҳиявӣ таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” гузаронида шуд. Дар ин ҳашари умуминоҳиявӣ сокинон ба тоза намудани қабристонҳо аз ҷумла тоза намудани дохилу атроф аз алаф ва рустаниҳои худруй, тоза кардани дарахтон аз шоху навдаҳои зиёдатӣ машғул шуданд ва дарахтони мевадиҳанда низ шинонданд. Дар ин амалиёти умуминоҳиявӣ сокинони маҳал иштирок дошта, аз ҷумла имомхатибони маҳаллаҳо,  раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёну фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.