Пешвои миллат – таҷассумгари ҳувияти миллӣ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Панҷ: Мардуми шарафманду сарбаланди Тоҷикистон бо камоли эҳтиром ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сисёсати оқилонаву созандаи он кас меҳру самимият ва ихлосу эътиқодашонро иброз медоранд. Ӯ бо ғамхориҳои ноҷиби худ ба халқу миллати кишвар бобати гиромидошти хизматҳои фарзандони фарзонаи миллит дар барқарор намудан ва мустаҳкам кардани пояҳои давлату давлатдории тоҷикон ва ба ин васила шиносои пайдо намудани мардум ба таърихи халқи тоҷик ба ҳар як оилаи кишвар тариқи ройгон асари бунёдии Қаҳрамонони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” тақдим карда шуд.
Президенти маҳбубамон дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буд, ки “Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносист ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандустиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем”
Бо дастуру ҳидоятҳои оқилонаву дурахшононаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2023 баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат ”ба ифтихори 115- солагии академик Бобоҷон Ғафуров иқдоми навбатии халқпарваронаю ватандустонаи роҳбари олии кишвар мансуб меёбад.
Имрузҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия баҳри таъмини бечунучарои талаботҳои озмун ва бо мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омузиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тули таърих, тақвияти ҳиси худогоҳӣ ва худшиносии миллат, эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва ба ҳамин роҳ шинохти беҳтари нақши миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, чорабиниҳои илмию фарҳангӣ баргузор гардида истодаанд.
Ҳизбиёни ноҳия аз баргузории озмуни мазкур руҳу илҳоми тоза гирифта, алакай суҳбату мулоқотҳои худро дар ин самт бо хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзгорон , кормандони фарҳангу санъат, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар оғоз намуданд. Иштирокчиёни он ногузузирӣ ва басо саривақтӣ будани баргузории озмуни мазкурро баён намуда, ҷонибдории ҳамаҷонибаи хешро бобати дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани он, изҳор намуданд.