ТАШАББУСИ ҲИЗБИИ “МАКТАБИ МАН”

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи Амалиёти муштарак санаи 31 декабри соли 2022 дар муассисаи таълимии №9-и ноҳияи Кӯшониён ҳамоиш бо хатмкардагони қаблӣ зери унвони "Мактаби ман!" доир карда шуд.

Мақсад аз баргузории ҳамоиш ин ҳавасманд гардонии шахсиятҳои дорои имконияти хуби иқтисодӣ барои тадбиқи амали барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф, дастгирии техникӣ ва бо ин васила ҷалб намудани онҳо ба корҳои бунёдкорию созандагӣ, аз ҷумла сохтани синфхонаҳои иловагӣ, варзишгоҳ дар ҳудуди муассиса, бунёди ҳоҷатхонаҳо бо усули дренажӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо умуман мутобиқ гардонидани шароити муассиса ба талаботи стандартҳои муосири таҳсилот мебошад.