БАРГУЗОРИИ “СОАТИ СИЁСӢ” ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 31 декабри соли 2022 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и ноҳия дар асоси Амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон “Соати сиёсӣ” доир гардид.

Дар соати сиёсӣ хонандагон иштироки фаъолона доштанд ва онҳо дар мавзуҳои “Вазъи  сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон”, “Паёми Пешвои миллат роҳнамо ва ҳидоятгари мост” ва “2025 СОЛИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО” баромадҳо ва суҳбатҳои судманд баргузор намуданд.

Дар рафти баргузории соатҳои сиёсӣ қайд карда шуд, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа назари солим ва диди густурда доранд, ки ин нишонаи возеҳи ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли ояндасози кишварамон мебошад. Ҷавонони мо дуруст дарк кардаанд, ки ширкати фаъолона ва саҳмашон дар марҳалаи кунунии ободкории Ватан пеш аз ҳама, ба манфиати худи онҳо мебошад, зеро фардо худашон дар ҳамин сарзамин зиндагӣ карда, масъулияти рушди онро ба зиммаи хеш мегиранд.

Хизмати содиқона кардан ба Ватан-модар, ҳифз намудани марзу буми он ва ҳушёр будан дар ҳимояи манфиатҳои давлату милат қарзи фарзандии ҳар як ҷавони бонангу номус ва далеру қавиирода мебошад.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хоса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавон ба як қувваи нерӯманд табдил ёфта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баргузории “Соати сиёсӣ” дар МТМУ №7 дар вуҷуди хонандагон ҳуввияти миллӣ худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву меҳанпарастиро тарбия менамояд.

Дар соатҳои сиёсӣ омӯзгорон, сарвари муассиса, ташкилотчии тарбиявӣ иштирок намуда, оид ба мавзуъҳои “Соати сиёсӣ” андешаҳои худро баён намуданд.