Вохӯрии судманд бо вакилон

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади ташвиқу тавзеҳи паҳлуҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар санаи 3-январи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Зоир Файзалӣ ва Шарофзода Гавҳар бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар ин вохӯрии судманд вакилони мардумӣ вобаста ба ин ҳуҷҷати тақдирсози миллат изҳори андеша намуда, бобати татбиқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии кишвар маслиҳатҳои муфиду саривақтӣ доданд. Дар баромади эшон дастоварду мушкилотҳои соли сипаригардида таҳлилу баррасӣ гардида, ба ҳозирин роҳҳои ба натиҷаҳои аз ин ҳам баландро дар соли нав ноил гардидан дастуру маслиҳат доданд.

Дар навбати худ, интихобкунандагон вобаста ба беҳбуд бахшидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи саломатии мардум, тарбияи насли наврас ва ғайраҳо бо вакилон суҳбат намуданд.

Вохӯриҳои вакилон дар дигар ҷамоату маҳаллаҳои ноҳия идома доранд.