НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ ТАЪМИН ГАРДИД

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Санаи 29 декабри соли равон бо мақсади пайравӣ намудан ба сиёсати башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа, аз ҷониби  муовини  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Хасанова Нигора бахшида ба Соли нави мелодӣ ба  як нафар маъюб- Хоҷаёров Менгбобо, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти “Намуна”-деҳаи Саройкамар  нафақаи ҳизбӣ супорида шуд.

Азбаски маъюб дар бистари беморӣ қарор дошт, ба  писараш нафақаи  ӯ дастрас карда шуд. Метавон зикр кард, ки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маъюбону барҷомондагон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, нисбат ба онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, ин иқдоми нек ҳар моҳ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия идома ёфта, ин шахси маъюб таҳти ғамхорӣ қарор гирифта, бо нафақаи ҳизбӣ таъмин хоҳад гашт.