Аёдати сарбозон

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  дастуру супоришҳои Роҳбариятии Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон санаи 26-уми декабри соли ҷорӣ бахшида ба Соли Нави мелодии 2023 дар қисми сарҳадии №-0332-и Қушунҳои  сарҳадоти КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғуланд, бо иштироки вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон Қоризода Мухторхӯҷа, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ,  намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва роҳбарияти қисми низомии мазкур вохӯрии судманд баргузор гардид.

Ҳамчунин, дар рафти аёдат аз ҷониби вакили муҳтарам ба 700 нафар сарбозони қисми низомии мазкур туҳфаҳои идона ва маводи ғизоӣ барои омода намудани дастрахони идона дар арафаи Соли Нави мелодӣ кумак расонида шуд. Ин иқдоми хайрхоҳона руҳияи сарбозонро баланд бардошта, дар ҳимояи марзу буми Ватани азизамон аз пештара дида камари ҳиммат мебанданд.

Иштирокчиёни вохӯрӣ вобаста ба вазъи бавуқуъомадаи имрӯзаи геополитикии минтақа суханронӣ намуда, саҳми муҳофизони Ватанро дар якпорчагии кишвар ва сулҳу суботи саросарии он қайд карданд.

Инчунин, иштирокдорони вохӯрӣ бо шароити хизмат ва зиндагии ҳаррӯзаи сарбозон аз наздик шинос шуда, вобаста ба беҳбуд бахшидани вазъи хизмат, ҳаёти аскарии аскарону афсарон  ба масъулини дидбонгоҳ маслиҳату дастурҳои судманд доданд.