Аёдати сарбозон дар арафаи Соли Нави мелодӣ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси  дастуру супоришҳои Роҳбариятии Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон санаи 22-юми декабри соли ҷорӣ бахшида ба Соли Нави мелодии 2023 дар дидбонгоҳи сарҳадии №-11-и ба номи генерал майор Рустам Амакиеви Раёсати ҳифзи сарҳадоти КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба дастгирии моддӣ ва маънавии афсарону сарбозоне, ки ба ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан машғуланд, бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз ҳавзаи интихоботии “Панҷ-54” муҳтарам Миралиён Қиёмиддин Абдусалимзода, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон Нозил, муовини раиси КИН Ҳасанова Нигора Худоёровна ва дигар кормандони ҳизбии ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид.

Иштирокчиёни вохурӣ вобаста ба вазъи бавуқуъомадаи имрӯзаи геополитикии минтақа суханронӣ намуда, саҳми муҳофизони Ватанро дар якпорчагии кишвар ва сулҳу суботи саросарии он қайд карданд.

Инчунин, иштирокдорони вохӯрӣ бо шароити хизмат ва зиндагии ҳаррӯзаи сарбозон аз наздик шинос шуда, вобаста ба беҳбуд бахшидани вазъи хизмат, ҳаёти аскарии аскарону афсарон  ба масъулини дидбонгоҳ маслиҳату дастурҳои судманд доданд.