Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

19 декабри соли ҷорӣ дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷамоати шаҳрак" бо аъзоён ва ҷонибдорони ҳизб вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар вохурӣ раиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ  Файзизода Карим Нозил баромад ва суханронӣ намуд.  Дар асоси нақша - чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар самти тарбияи ватандӯстии ҷавонон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 30 ноябри соли равон бо иштироки бевоситааш дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар кори он ҷараёни иҷрои қарорҳои Анҷуманҳои 13 ва 14-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ дар марҳалаи минбаъда мавриди баррасӣ қарор гирифт.   

Дар ин вохурӣ оид ба муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, пешгирӣ кардани шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва нигоҳ доштани онҳо аз таъсири омилҳои номатлуб  бо истифодаи васеъ аз усулҳои иттилоотонӣ ва пешгирикунанда ба таври ҷиддӣ вусъат бахшида, масъалаҳои марбут ба ҷавононро пайваста таҳким бахшанд.