Оғози “Соатҳои сиёсӣ “ дар муасисаҳои таълимии ноҳияи Панҷ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади татбиқи ташаббусҳои муштараки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Раёсати маорифи вилоят ҷиҳати  баланд бардоштани маърифати сиёсии  наврасон ва ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи  ватандӯстӣ, худшиносӣ, ҳувияти миллӣ, эҳтиром гузоштан  ба мактабу  омӯзгор санаи 26-уми ноябри соли ҷорӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзизода Каримҷон Нозил ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия Асомиддинзода Шарофиддин дар Гимназияи давлатӣ дар мавзӯҳои :

1.Вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон.

2.Нақшаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ дар ҳаёти сийсии ҷомеаи Тоҷикистон.

3. Иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар.