АМАЛИЁТИ "РӮЗИ ЁДОВАРӢ" ДАР МАҲАЛ

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Рӯзи 26.11.2022 дар ҷамоати деҳоти Меҳвар дар деҳаи Савзихарф  бо ҷалби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, оид ба тозаю озода намудани дохил ва гирду атрофи оромгоҳҳо таҳти унвони “Рӯзи ёдоварӣ” баргузор шуд.

Мардуми маҳаллаи Савзихарф ин ташаббуси меҳанпарваронаи ҳизбиёнро хуб пазируфта, дар маҳаллаи худ ба ҳашари умуми баромаданд ва гирду атрофи оромгоҳи маҳаллаи худро ба тартиб дароварда, даромадгоҳ, роҳравҳо ва бехҳои дарахтону ҷўйборҳои обгузарро аз партовҳо ва алафҳои бегона тоза намуданд.