Мардуми маҳал аз Аксияи “Рӯзи ёдоварӣ” истиқбол менамоянд.

Панҷ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар деҳаҳои ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат Амалиёти умумиивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” ташкил ва гузаронида шуд. Дар аксияҳои мазкур бошандагони деҳаву маҳаллаҳо, пирони рӯзгордида, имомхатибон ва ҷавонон ҷалб карда шуданд.

Қабл аз баргузории чорабинӣ масъулини ҳизбӣ ба иштирокчиён оиди амалиёти мазкур маълумот доданд. Мардуми ҷамъомада аз баргузории ин ҳашари дастаҷамъӣ, ки ба манфиати худи онҳо мебошанд изҳори сипос баён намуда, ба корҳои ободонӣ аз ҷумла тоза кардани алафҳои бегона, кашонидани хошокҳо ва нарм намудани бехҳои дарахтон машғул шуданд.

Дар оромгоҳи Ҷамоати деҳоти Нури Ваҳдат наздики 85 нафар шаҳрвандон ва имомхатибон иштирок намуданд.

Бояд қайд намуд, ки охири ҳар моҳ дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Панҷ бо иштироки мутасаддиёни КИ ҲХДТ дар ноҳия ва дигар сохторҳои дахлдор Амалиёти умумиивилоятии “Рӯзи ёдоварӣ” ташкил ва гузаронида мешаванд.