83138 2-40-07

Ташкили курсҳои омӯзишӣ барои волонтёрони ҳизбии КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак, ҷиҳати такмили малака ва дониши идеологии онҳо

Норак: Созандагони ватан  

Санаи  9-уми апрели соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанова Наргис,  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак Раҷабов Насим ва волонтёрони ҳизбӣ  курси омӯзишӣ ҷиҳати такмили малака ва дониши идеологии онҳо баргузор гардид.

Зимни баромад Ҳасанова Наргис оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 10 июли соли 2023, №244 ва қарори раиси шаҳри Норак аз 7 декабри соли 2023, №598 “Дар бораи Барномаи миллии рушди фаъолияти волонтёрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”  маълумот  дод.

Қайд гардид, ки тақвияти фаъолияти волонтёриро ба хотири  иттиҳоду ҳамбастагии ҷавонон ҷиҳати анҷом додани амалҳои хайроҳона, корҳои тозагиву созандагӣ, кӯмак ба шахсони ниёзманду пиронсолон дар шароити  муосир ба роҳ монда шудааст  ва ин тадбирҳо барои худи волонтёрон мактаби муҳими худташаккулёбӣ мебошад. Дар шароити муосир самтои афзалиятноки фаъолияти волонтёрӣ инҳоянд.

-дастгирии иҷтимоӣ;

-ҳафзи муҳити зист;

-тандурустӣ;

-маориф;

-фарҳанг;

-сайёҳӣ;

-тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

-ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандон;

-ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ;

-пешгирӣ ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулода ва таъмини бехатарии шаҳрвандон;

-ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи ватандӯстӣ;

-воситаҳои ахбори омма.

Ҳамчунин дар бораи он ки дар муддати 32 соли соҳибистиқлолии кишвар танҳо як санади меъёрии ҳуқуқӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти волонтёрӣ” қабул гардида, ба рушди соҳаи фаъолияти волонтёрӣ, комёб шудан ба натиҷаҳои назаррас ва ҳалли масъалаҳои соҳаи волонтёрӣ равона гардидааст, суханронӣ намуданд.