83138 2-40-07

ИСТИҚБОЛИ САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН.

Норак:  

Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар доираи сиёсати сулҳпарваронаву ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми қисмҳои низомӣ шароити сарбозону афсарон беҳтар шуда истодааст ва сафи ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси ҷумҳурӣ аз ҷумла ҷавонони ғайюру шуҷои шаҳри Норак барои анҷом додани хизмати Модар-Ватан дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд.

Имрӯз бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак сарбозони шуҷои Ватан, Сатторов Юсуф ва Пиров Шаҳриёр ки бо сари баланд хизмати Модар-Ватанро ба анҷом расониданд истиқбол гирифтанд ва дар як рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори ватандорӣ ба хонаи падару модар баргаштанд.

Воқеан, ҷавонони замони соҳибистиқлол шукрона аз сиёсати ҷавонпарварона ва ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд, ки чунин шароити созгор барои мо муҳайё намудааст.