83138 2-40-07

ҲИФЗУ МУАРРИФИИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ МАРОМИ МО!

Норак: Андеша  

Ҳифзи мероси фарҳангии Тоҷикистон барои парвариши ҳисси ҳуввият ва ифтихори миллӣ дар миёни мардуми он муҳим аст.

Ба ҳамин хотир Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои дифо ва ҳифзи арзишҳои миллӣ дастур медиҳад, таъкид мекунад, ки ҳар як унсури фарҳангии тоҷикон омўхта шаванд, баррасӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гарданд, то тамоми дунё бидонад, ки фарҳангу бузургони миллат хос ҳастанд ва наметавон онҳоро бе овардани бурҳони қотеъ аз худ кард.

Хотираи таърихӣ барои нигоҳдорӣ ва ба наслҳои оянда расонидани санаҳои бузургу сарнавиштсози таърихӣ, таҷрибаву ҳикмати ниёгон ва мероси фарҳанги миллӣ хидмат мекунад. Хусусан барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, аз ёд набурдани шахсиятҳои бузург, расму ойин, анъана ва идҳои миллӣ ниҳоят муҳим аст, зеро онҳо ҷавҳари миллатанд.

Дар идҳо, ки аз умқи таърих ба мо расидаанд, хислату хўй, ҷаҳонбинӣ ва эътиқоди ҳар миллат таҷассум меёбад ва таҳлили он барои баҳамоӣ ва ваҳдату ягонагӣ нақши муҳим дорад. Он одамонро бо ҳам қарину ҳофизаи таърихиашонро қавӣ мегардонад ва барои аз насл ба насл мерос мондани арзишу ҳунарҳои гузаштагон нақши муҳим мебозад.

Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолии кишвари азизамон бисёр идҳои аҷдоди ориёии мо, ба монанди Сада, Наврўз, Тиргону Меҳрон, ки таърихи беш аз шашҳазорсола доранд, умри дубора ёфтанд, аз нав эҳё шуданд ва имрўз бо шукўҳу шаҳомати хоса ва дастаҷамъона таҷлил мегарданд. Ин идҳо ба сари худ ҷашни оддӣ нестанд, ҳар яке дорои фалсафаи худ мебошанд ва барои покизатару некутар шудани руҳу равони инсонҳо ва бой гаштани маърифату дунёи ботинии онҳо нақш мегузоранд.

Воқеан, агар мо ба идҳои аҷдодиамон таваҷҷуҳ намоем, хуб дарк мекунем, ки онҳо тавъам ба табиатанд ва дар бисёр ҳолатҳо пайвандии инсону табиат ва муносибати онҳоро баён мекунанд.

Чунончӣ, Сада муждарасони Наврўз аст. Сада ном гирифтани ин ҷашнро вобаста ба он медонанд, ки то Наврўз панҷоҳ шабу панҷоҳ рўз мемонад, яъне дар маҷмўъ сад рўз. Ин иди аҷдодиамон бо афрухтани оташи бузург, яъне мањвкунандаи сардӣ баргузор мегардад.

Тиргон дар фасли тобистон ҷашн гирифта мешавад ва он низ вобаста ба обу замину тирукамон аст.

Ҷашни Меҳргон вобаста аст ба меҳр (офтоб), манбаи нуру меҳру гармӣ ва он дар фасли тирамоҳ ҷашн гирифта мешавад, ки дар ин вақт кишоварзон ҳосили хешро аз замин мебардоранд.

Дар байни ин идҳо Наврўз ҷойгоҳи муҳим дорад ва беш аз дигар идҳо дар тору пуди мардуми ориётабори мо реша давондааст. Наврўз яке аз мероси муҳими фарҳанги миллии мост, ки барои нигоҳ доштани ҳувияти миллӣ, фарҳангу забони модариамон хизмати арзанда кардааст.

Пайдоиши Наврўзро бузургон ба устураву ривояту воқеаву шахсони таърихӣ нисбат диҳанд ҳам, дар маҷмуъ, он пайванд ба табиат мегирад. Пирўзии рўшноӣ ба торикӣ, гармӣ ба сардӣ, баробар шудани шабу рўз ва ҳоказо.

Наврӯзи оламафрӯз, ки оғози фасли зебои баҳор ва эҳёи табиат аст, тӯли қарнҳо ҳамроҳи мардуми мо аз пастиву баландии рӯзгор гузашта, то ба имрўз расидааст.

Чӣ хуш аст, ки баъди талошҳои чандсолаи Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалї Рањмон чанд сол қабл ин иди бостонии мо аз ҷониби кулли мардуми гуногунэабону гуногун-мазҳаб ва ташкилоти баландпояи байналхалқӣ ҳамчун иди умумибашарӣ эътироф гардид. Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии СММ соли 2009 Иди Наврӯзро расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил намуду баъдан, тибқи Қатъномаи Маҷмаъаи Умумии СММ аз 19-уми феврали соли 2010 ҷашни Наврўз мақоми байналмиллалӣ гирифт.

Имрўз ин иди ниёгони мо дар саросари дунё ҷашн гирифта мешавад ва дар 11 кишвари ҷаҳон он ҳамчун ҷашни миллист ва рўзи истироҳат аст. Бигузор ин баҳору Наврўз ба дилу дидаи мо, ба сарзамини нозанину биҳиштосомон пайки шодию нишот,меҳру муҳаббат, ба дастурхони ҳар як хонадон файзу баракат, нуру сафо орад.

Саторов Ҳасан -сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак