83138 2-40-07

АКСИЯИ ҲИЗБӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ҲХДТ - ҲИЗБИ СОЗАНДАВУ БУНЁДКОР”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар заминаи иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, оид ба сарсабзу хуррамгардонии Ватани азизамон ва дар асоси нақша - чорабиниҳои тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак бо мақсади сарсабзу хуррам гардонии муҳити зист ва корҳои ободониву созандагӣ  ҳар ҳафта аксияи ҳизбӣ дар ин самт баргузор карда шуда истодааст, ки аъзоёни ҳизб саҳми муборизи хешро гузошта истодаанд.

Аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ - ҳизби созандаву бунёдкор!” дар назди бинои КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак баргузор гардид. Дар аксияи мазкур кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак  бо руҳияи баланди арҷгузори ба Ватан ва дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат фаъолона ширкат варзида, ба тоза намудани гирду атрофи корхона  аз алафҳои бегона, нарм намудани зери дарахтон ва шинонидани гулу гулбуттаҳои ороишӣ дар мавқеи муайян гардида машғул гаштанд.

Дар аксияи мазкур кормандон фаъолона ширкат варзида, дар назди бинои Кумитаи иҷроия зиёда аз 600 адад гулҳои мавсимӣ шинонида шуд, ки ба ҳусни бино ва маркази шаҳр зебогии хосса мебахшанд.