83138 2-40-07

Терроризм ва экстремизм - хатари ҷомеа

Норак: Вокуниш  

Экстремизм - ифротгароӣ ва терроризм падидаҳое мебошад,ки дар ҳама давру замон зидди он кулли башарият мубориза мебаранд. Мардуми тоҷик низ  терроризмро маҳкум намуда, тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 01.06.2021 "Дар бораи муқовимат зидди терроризму экстремизм" муборизаи беамон мебаранд.

Яке аз проблемаҳои асосии ҷаҳони имрӯза терроризму экстремизм буда,  гуруҳҳои террористӣ бо ҳар гуна ваъдаҳои бардуруғи худ ҷавонони зиёдеро ҷалб карда, онҳоро зидди давлату миллатҳо истифода мебаранд. Аз ин ҳисоби ҷавонону наврасони ноогоҳ афзуда, дар тамоми кишварҳои дунё ҷони худро барои мақсади роҳбарони гумроҳашон қурбон мекунанд. Мо бояд ба тамоми аҳолӣ хусусан, ба ҷавонону наврасон фаҳмонем, ки ба дуруғи онҳо, бовар накунанд, зеро дар зери шиори барпо кардани хилофати исломӣ ҷавононро ба ҷиход даъват менамоянд. Ҳамаи амалҳои ночавонмардонаи онҳо ба вайронкорию нестшавии миллату халқиятҳо ва тамаддунҳо оварда мерасонад.

 Чунки дар олами ислом хеҷ гуна ҷиход мисле, ки гуруҳҳои террористӣ аз номи дини ислом таблиғ менамоянд вуҷуд надорад. Ҳар як шаҳрванди ватандӯсту худогоҳ вазифадор аст, ки нангу номуси ватандориро аз даст надода, ҷавонону наврасон ва мардуми  кишварамонро ба ободию пешравии ватани азизамон ҳидоят намоянд, зидди ҳамагуна хиёнат, бегонапарастӣ муборизаи беамон бурда, барои бунёди давлати миллӣ ва манфиатҳои он ҳушёрию зиракии худро аз даст надиҳанд.

Дар Точикистон низ бар асари таъсири баъзе давлатҳо гуруҳҳо ва созмонҳое таъсис ёфта буданд, ки Точикистонро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашиданд, ки ин барои миллати тоҷик фоҷеаи бузург буд. Мо зидди чунин гуруҳҳо, ки осмони софи моро ғуборолуд карданианд, мубориза бурда, ҷавонону наврасонро дар рӯҳияи инсондустӣ, ватандустӣ,  хизмат ба Ватан ва падару модар тарбия менамоем.

Набиева П.Ф-раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сомониён" дар шаҳри Норак