83138 2-40-07

Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Саҳми мо дар ободиву озодагии шаҳрамон”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи банди 11-и нақшаи тасдиқгардидаи кории ТҶҶ”Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак санаи 18-уми марти соли 2024 бо роҳбарии кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва бо иштироки  волонтёрони ҳизбӣ Аксияи тозагӣ таҳти унвони "Саҳми мо дар ободиву озодагии шаҳрамон" доир гардид.

Боев Умедҷон роҳбари ТҶҶ”Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо иштирокчиёни Аксия суҳбати озод намуда, иброз намуданд, ки ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагони миллати тоҷик бояд баҳри обододиву сарсабзгардонии кишвари хеш талош намоянд.

Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба сӯи саодат оварда, шароити созгор ва имкониятҳои муосирро барои насли ҷавони кишвар фароҳам овардааст ва мо ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари давлат бояд баҳри ободии кишвар саҳмгузор бошем.