83138 2-40-07

Навруз –арзишмандтарин ҷашни миллӣ

Норак: Андеша  

Қадами хуҷастаи Наврӯз бо омадан  бо фарорасии баҳори анбарсиришт  тавъам ва ҳаммаъно мебошад. Наврӯзу баҳор  васлгари гузашту имрӯз ва оянда, пайвандсози  инсону табиат, масими киштукори баҳорӣ ба хок пошдани рисқу рӯзии инсон ба шумор меравад.

Наврӯз рамзи зебоӣ, дӯстӣ бародарӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ, ғалабаи рӯшнои бар торикӣ, қувваҳои некӣ бар қувваҳои бадӣ мебошад.

Дар ин бора Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мулоқоташ  бо зиёиёни мамлакат гуфта буданд. “Таърих гувоҳ аст, ки Наврӯз ҷавҳари фарҳанги мардуми ориёиро ташкил карда, гузаштагонамон онро ҳамчун нахустин рӯзи моҳи фарвардин ва оғози соли нав, ҷашни баҳор, ҷашни бедории табиат, баробар шудани рӯзу шаб ва ҷашни аҳди пешдодӣ таъбир кардаанд.     Наврӯз тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо рамзи пирӯзии нур бар зулмот, адолат бар ҷаҳолат, зебоӣ бар зиштӣ, гармӣ бар сардӣ, ва ғалабаи инсони бунёдкору офаранда бар нерӯҳои бадхоҳи аҳриманӣ буда, маҳз бо чунин сифату фазилатҳои олии худ то имрӯз дар байни мардуми мо маҳбубият дорад”.

Дар ҷаҳоншавии Наврӯз  хизмати бебаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи ибрат мебошад. Аз рӯзи нахустини ба қудрат омадаш ин бузургмард барои ба ҷаҳониён нишон додани арзишҳои миллие чун маданият, фарҳанги меросии қадимию муосири гузаштагон, ҷаҳду талошҳо кард, ки ҷаҳонишавии  Наврӯз ҷузъе аз ин иқдомҳо мебошад. “Рӯзи байналмилалии Наврӯз” фоли нек аст, зеро ин ҷашни тамаддунофар дар таҳкими ҳамкорӣ, сулҳу суббот, иттифоқӣ, амният ва фарҳангии ҷаҳониён нақши ҳалкунанда мебозад. Ин далел ба он ишора мекунад, ки қадамҳои мубораки Наврӯз рӯ ҷониби оянда устувор аст.

Ибрагимова Тоҳира, аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак