83138 2-40-07

БАҲОР - ФАСЛИ ЗЕБОТАРИНИ СОЛ!

Норак: Андеша  

Баҳор яке аз фаслҳои зеботарину бофайзтаринӣ сол дар тамоми саросари ватани азизамон ва инчунин дар дигар давлатҳо ба ҳисоб меравад. Бо ташаббус ва таклифу пешниҳодҳои созанду бунёдкоронаи Пешвои муазами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни «Иди Наврӯз», ки ба фасли баҳор рост меояд ҷаҳонӣ шуд. Ва ин ҷашнро дар саросари рӯи дунё бо як шукуҳу шаҳоматӣ хоса таҷлил менамоянд.

Дар айёми фасли баҳор тамоми инсонҳо ба мисли гулҳо шукуфон гардида, парандагон ба нағмасароӣ оғоз мекунад. Тамоми мардуми сайёра баҳорро яке аз фасли зеботарини сол ва фасли пурфайз мешу-моранд.

Ба баҳори нав расидам, зи баҳор шукр гӯям,

Ба нигори нав расидам, зи нигор шукр гӯям.

Баҳор яке аз фаслҳои мӯъҷизаовар аст, ки тамоми кӯҳу пуштаҳо, боғҳо ва дашту даманро сабзаву гиёҳои шифобхаш, гӯлу бутаҳо фаро мегирад.

Инчунин дар фасли баҳор қариб тамоми гиёҳои шифобахшро ҷамъоварӣ намуда, дар соҳаи тиб барои бемориҳои гуногун истифода мебаранд.

Дар фасли баҳор табиат аз нав зинда гардида, инсон дорои эҳсосоти хуб мегардад ва инчунин рӯҳу дилҳоро қувват мебахшад.

Мо тоҷикон аз қадимулайём дастархони пур нозу неъмат ороста Наврӯзи оламафрӯзро ҷашн мегирем. Дар васфи баҳор шоири барҷастаи тоҷик Мирзо Турсунзода чунин гуфтааст:

Баҳор омад садои булбул омад,

Насими фораму бӯи гул омад.

Либоси сабзро саҳро ба бар кард,

Кулоҳи сап сафед олу ба сар кард.

Дар ҳақиқат баҳор фаслест, ки тамоми руйи олам сабзу хуррам гулгулшукуфон мегардад ва деҳқон ба кишту кор машғул шуда, аз паси рисқу рӯзии хеш мегардад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, тамоми ҳамватанони азизамонро бо фарорасии фасли баҳор муборакбод гуфта, барои яккоякашон тансиҳатӣ ва зиндагии орому осударо орзумандам.

Саломов Шодмонҷон Исломуддинович - аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак