83138 2-40-07

ЛИБОСИ МИЛЛӢ НИШОНАИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН АСТ

Норак: Андеша  

Либоси миллӣ як рукни фарҳанги миллат ба шумор рафта, ёдгоре аз гузаштагон аст, ки дар тўли қарнҳо зебоиашро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Ҷойи хурсандист, ки солҳои охир таваҷҷўҳи роҳбарияти мамлакат ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби либоси миллӣ зиёд гардидааст ва ин, бешубҳа, сабаб дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост. Вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хосаи зебои чакану атлас ва адрасу алоча пеши назар меояд, чаро ки занро олиҳаи ҳусн мегўянд.

Аммо, чи тавре ки мушоҳида мегардад, солҳои охир ҳусни либоспўшии занони тоҷик тадриҷан коста гардидааст. Имрӯз мо занону бонувон мебоист тарғибгари либоси миллии миллати тамаддунофари худ бошем.

Мо тарафдори либоси миллии тоҷикон ҳастем ва аз ҷавонон даъват ба амал меоварем, ки ҳеҷ гоҳ бегонапарастӣ накарда, ба фарҳангу тамаддун ва арзишҳои милии тоҷикон эҳтиром гузоранд. Ман ифтихор мекунам, ки ман тоҷик ҳастам ва ифтихор аз либоси миллии худ дорам.

Ҳабиба Шулашова - аъзои  ҲХДТ  дар   шаҳри  Норак