83138 2-40-07

Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ дар шаҳри Норак

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси барқияи телефонии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 6 марти соли 2024, №1/2-08 ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо баргузор намудани Аксияи ҳизбӣ зери унвони “ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ   санаи 14-уми марти соли 2024 бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати тақвияти корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳар рӯзи панҷшанбе аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроия ҳашари дастачамъона ташкил намуда, дар корҳои ободониву созандагӣ, тозагии дохил ва гирду атрофи бино, тоза намудани ҷуйборҳо аз партовҳои ғализ, нарм намудани зери гулу буттаҳо саҳми босазои худро гузоранд.

Бо гузаронидани шанбегӣ дар шаҳри худ мо метавонем дар ободу зебо ва гулгулшукуфоии  Ватани  азизамон  саҳми арзанда гузорем.