83138 2-40-07

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ РӮЗИ МОДАР ТАҲТИ УНВОНИ “ДУОИ МОДАР”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи банди 1-и нақшаи тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак рӯзи 6-уми марти соли 2024  маҳфили бошукӯҳи адабӣ - фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони “Дуои модар” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ Фирӯза Шарифӣ Бӯрихонзода иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак, Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак, вакилон, занону бонувони фаъоли шаҳр, собиқадорон, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Фирӯза Шарифӣ иҷрокунандаи раиси шаҳри Норак зимни ироаи сухани ифтитоҳӣ модарон, бонувон, омӯзгорону кормандон ва ба муносибати фарорасии иди меҳру вафо, покиву садоқат ба зан-модар 8-уми март- Рӯзи Модар, ки дар оғози баҳори оламафрӯз рост меояд, самимона табрик гуфта, ба ҳозирин ва кулли зан-модари тоҷик сиҳатмандии комил, иқболи нек ва хонаободиву сарбаландӣ орзу намуданд. Ҳамчунин қайд намуданд, ки модар вуҷуди муқаддас буда, оғозгоҳи зиндагӣ низ ба ӯ марбут аст. Зан-модар олиҳаест, ки шукӯҳу ҷилои сайёра ва гармии хонавода аз меҳру муҳаббати ӯ сарчашма мегирад.

                          Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  зимни баромад иброз намуданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон боэҳтиром нисбат ба модарон чунин иброз медоранд: “Модар! Чӣ тавр калимаи зебо! Вақте модар мегӯем, руҳамонро эҳсосоти наҷибе фарогир мешавад. Модар мисли офтоби дурахшон гарм, мисли моҳтоб зебо аст ва тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти инсон ва рушду камоли башар сарф менамояд”.

Дар идомаи чорабинӣ Робия Бекмуродзода –сардори Муассисаи ислоҳотии занона дар шаҳри Норак, Сафарзода Маҳинбону – раиси суди шаҳри Норак, шоираи ширинкалом - Муҳаррам Сорбонзод, Ҳайдарзода Садбарг-мудири маорифи шаҳр, омӯзгори собиқадор Мамлакат Музаффаровна ва чанде аз бонувони фаъоли шаҳр ба сухан баромада кулли иштирокчиён ва занону бонувонро ба Рӯзи Модар табрику шодбош гуфта, ба онҳо саломативу сарбаландӣ ва фатҳи қуллаҳои баланди корҳои бунёдиву созандагиро таманно намуданд.

              Дар идома ба  як гурӯҳ фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб барои саҳми назаррас дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва фаъолияти пурсамар дар самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, тарғибу ташвиқи арзишҳои милливу фарҳангӣ, тарбияи насли худогоҳу ватандӯст ва иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ бахшида ба Рӯзи Модар бо "Ифтихорнома"-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак сарфароз гардонида шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ-фароғатии бахши фарҳанги шаҳри Норак бахшида ба Рӯзи Модар бо фарогирии суруду таронаҳои тараннумгари меҳру муҳаббат, азамату бузургии зан-модар, васфи зебоии ин олиҳаи ҳастӣ ва тараннуми сулҳу дӯстӣ табъи ҳозиринро болида гардонида, ба дилҳо шодиву сурур бахшид.