83138 2-40-07

БИҲИШТ ДАР ЗЕРИ ҚУДУМИ МОДАРОН АСТ!

Норак: Андеша  

Ҳар гоҳ, ки номат ба забон меояд,

Дар ҷисми қалам дубора ҷон меояд.

Чун васфи туро сар кунам аз дил ба забон,

Чун оби равон шеъри равон меояд.

Модарҷон, имрӯзҳо зи ту дураму пазмонат шудаам. Баҳри қарор гирифтани дили худ баҳрат таронаеро замзама мекунам. Модарҷон бо офтоб ё моҳ, бо обу ҳаво, замину само, ба ҷон баробарат месозам, аммо ту аз он ҳама болотарӣ. Бе ту дунё маъное надорад.

Олитарин ҳадяи Худованд барои фарзандон туи модар!. Зиндаги зи ту сарчашма мегирад, олиҳаи ҳаёт ҳастӣ, ки ба мо ҳаёт бахшидӣ. Ба ҷон баробар дӯстат медорам модарҷон!

Модар барои ҳар як шахс азизу муътабар аст ва бе сабаб нест, ки муқадастарин калима, яъне ватанро ба модар баробар ва ҳамрадиф медонанд. Ин ду мафҳум барои ҳар як инсони соҳибаслу соҳибватан арзишу манзалати якхела доранд. Модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи ноёфт ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд.

Хоки қадамат ба дида молам модар,

Доди ту ба ҷон шири ҳалолам модар.

Ҳастанд ягон - ягон, ки хорат созанд,

З-ин тоифа бисёр малолам модар.

Қалби модар зеботарин ва ҷовидонтарин ҷойгоҳи фарзанд аст. Ҳатто, дар рӯзгоре, ки ба муйҳои фарзанд сафедӣ афтода бошад, маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, одоби ҳамида ва меҳру шафқат рӯзгори моро зеб медиҳад.

Оре, саодати зиндагӣ дар калимаи зан –модар нуҳуфта аст. Беҳуда нагуфтаанд, ки “Модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад”. Атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, борон аз абр, ҳарорат аз офтоб ва зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Модар азизтарин шахс дар дунёст, зеро зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан - модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин муррабӣ ва офарандаи фарзанд мебошад.  Худованд ба зан - модар қудрате ато намудааст, ки офарандаи зиндагӣ ва чароғи ҳар хонадон бошад. Пайғамбари ислом Муҳаммад (с.а.в) биҳиштро зери қудуми модарон гузошта, меҳри саршор ва муҳаббати гарми модарро ба файзу раҳмати Худованд баробар донистааст.

Дили модар чу дарёи равон аст,

Ҷаҳони меҳри модар бекарон аст.

Сано бодо Муҳаммадро ки гуфтаст,

“Биҳишт дар зери қудуми модарон аст”.

 

САИДШОҲИ САФАРХОН – аъзои фаъоли ҲХДТ дар шаҳри Норак