83138 2-40-07

Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Саҳми мо дар ободиву озодагии шаҳрамон”

Норак: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи банди 11-и нақшаи тасдиқгардидаи кории ТҶҶ”Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак санаи 29-уми феврали соли 2024 бо роҳбарии Раҷабов Насим мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Норак, Боев Умедҷон раиси ТҶҶ”Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак ва бо иштироки  волонтёрони ҳизбӣ Аксияи тозагӣ таҳти унвони "Саҳми мо дар ободиву озодагии шаҳрамон" доир гардид.

Ҳасанова Наргис мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак бо иштирокчиёни Аксия суҳбати озод намуда, иброз намуданд, ки ҷавонони Тоҷикистон ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагони миллати тоҷик бояд баҳри обододиву сарсабзгардонии кишвари хеш талош намоянд.

Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба сӯи саодат оварда, шароити созгор ва имкониятҳои муосирро барои насли ҷавони кишвар фароҳам овардааст ва мо ҷавобан ба ин ғамхориҳои Роҳбари давлат бояд баҳри ободии кишвар саҳмгузор бошем.