ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН

Муъминобод: Созандагони ватан  

Дар асоси нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ҷиҳати вохӯрӣ бо сокинон ва ҷавонони кишвар вобаста ба риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» бо иштироки роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Муъминобод, Раҳимов Фурқат миёни хонандагони синфҳои болоӣ ва сокинони ноҳия вохӯриҳо доир гардида истодаанд.

Иштирокдорони чорабини зимни суханроӣ иброз намуданд, ки риояи қонунҳои мамлакат ин танзими кору фаъолият ва зиндагии сокинон аст. Аз ин рӯ ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки қонунҳои асосиро риоя намуда, баҳри пешрафти зиндагии худ ва давлату мамлакат таъсиргузор бошад.