Идомаи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинон бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ»

Муъминобод:  

Санаи 26-уми  апрели соли 2024 дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда оид ба "Соли маърифати ҳуқуқӣ" аз ҷониби ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод бо сокинон вохурӣ баргузор гардид.  Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Муъминобод Мирзобаротзода Салоҳиддин, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод  Мирзошарифзода Сабоҳат иштирок намуда, оиди суханронии Пешвои муаззами миллат аз мулоқот бо аҳли фаъолон ва ходимони дин, ки санаи 9 марти соли ҷорӣ баргузор гардида буд, ҳамзамон иҷрои вазифаҳо аз Паёми Пешвои миллат аз 28 декабри соли 2023, риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон , “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар масъалаҳои рӯз аз қабили пешгирии ҷудошавии оилаҳо, ба бар накардани либосҳои ба фарҳанги мо бегона, арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии Ватани азизамон, тозагиии муҳити зист, сарсабзу хуррамгардонӣ, бо дастовардҳои меҳнатӣ истиқболи санаҳои фархундаи миллӣ суханронӣ намуданд.