МОДАРОН-ОИНАИ ПОКУ БЕҒУБОРИ МИЛЛАТАНД!

Левакант: Андеша  

 АНДЕША: Модар, муқаддастарин мавҷудот, азизу меҳрубон ва покизатарин шахс дар олам аст. Агар замин ба модар ҳаёт бахшад, модар оламро бақо бахшида, онро поянда мегардонад.

Дар кишвари ободу озодамон бо ташаббуси Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гиромидошти ин идҳои фархунда ҷойгоҳи махсусро касб намудаанд.

Моро зарур аст, ки осудагии модарро осудагии хеш, хушбахтии ӯро хушбахтии худ донем. Модарон арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорианд, ҳастии модар барои ҳар як шахс бахти бузург аст.

Домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст. Зан-модар дар ҳама давру замон равшании хонадон, мураббии фарзандон, посдори сулҳу субот ва ояндаи башар аст.

Агар дар ситоиши зан-модар солҳо сухан гӯем боз ҳам камӣ мекунад. Сарлашкари Фаронса Наполеон фармудааст: “Зан бо тавоноӣ ва ақлу заковати хеш метавонад бо як даст гавҳора ва бо дасти дигар дунёро такон бидиҳад”.

Модари тоҷик- оинаи неку беғубори миллат ва давлат аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд: “Бузургдошти модар ва эҳтирому қадрдонии заҳматҳои ӯ қарзи ҳар як инсони бонангу номус аст”.

Бигзор тамоми модарони рӯйи дунё хушбахту сарбаланд бошанд. Барои фарзандон канори модар мактаби аввалини ҳаёт аст. Инсон баъди раҳо гаштан аз оғуши гарми модар, қиммати ӯро хубтар дарк мекунад. Зеро мисли канори модар биҳиштосо макони дигаре нест.

Забон, фарҳанг, одоб гуфтор ва рафторро дар ниҳоди фарзанд модар ҷо карда метавонаду халос

Ривояте ҳаст:

Аз шахсе мепурсанд:

Мехоҳӣ, ки биҳишт биравӣ?

Гуфт: Не, онҷо ҷои модарон аст.

Гуфтанд: Намехоҳӣ назди модарат бошӣ?

Гуфт: Не дар ин дунё бисёр чизҳоро аз ӯ гирифтам, ҷавониашро пир кардам, барои он ки ман бихӯрам, худ гурусна хобид, барои он ки ман зебо пӯшам худ напӯшид, дигар намехоҳам, ки дар биҳишт ҳам фикраш шабу рӯз ба ман бошад, бигузор ҳади ақал дар онҷо ба роҳат зиндагӣ кунад.

Эмомов Ҳасан – раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Пайравони Сино”