ТАЪСИРИ НУРИҲОИ МИНЕРАЛӢ ДАР ЗАМИНҲОИ КИШТ

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Ёдовар мешавем, ки Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Азот”, калонтарин корхонаи кимиёвӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ин корхона пас аз таҷдиду навсозӣ санаи 25-уми апрели соли 2023 дар ҳузури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол шуда ба кор даромад.Бо фаъол гардидани корхонаи мазкур зиёда аз 1000 шаҳрванди мамлакат, хоссатан ҷавонони соҳибтахассус бо ҷойи кор ва маоши баланд таъмин гардиданд.
Дар корхонаи кимиёвии “Азот” асосан истеҳсоли карбамид, аммиак, дуоксиди карбон, оксигени газӣ ва нитрогени моеъ ба роҳ монда шудааст, ки он ба рушди кишоварзии кишвар мусоидат хоҳад кард. Тамоми маводи истеҳсолии корхона қабл ва баъд аз коркард дар озмоишгоҳи муосири муҷаҳҳаз бо дастгоҳу таҷҳизоти навтарин мавриди санҷиш қарор мегирад. Дар озмоишгоҳ асосан занону духтарон ба кор ҷалб гардидаанд.
Имрӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз заминҳои кишт дар Ҷамоати деҳоти Гулистон дидан намуданд. Кабиров Саидмурод як сокини ҷамати номбурда зимни суҳбат бо кормандони Кумитаи иҷроия гуфтанд, ки : Дар солҳои охир хоҷагидорон барои кишту кори заминҳояшон нуриҳоро бо қимати гарон аз хориҷ ворид мекарданд он ҳам бошад бо сифати паст. Сабабаш фарсудагӣ ва аз кор монда шудани ҶСК “Азот” собиқ корхонаи нуриҳои азотии Вахш (ВАТЗ) буд. Аз соли 2023 инҷониб бо ба кор шуруъ намудани корхонаи мазкур ҳам нархи нуриҳои минералӣ ба поён рафтааст, ҳам сифати ғизоияш боло, ки натиҷаашро дида истодаем.