ДИДАН НАМУД АЗ РАФТИ КОРҲОИ САҲРОӢ

Левакант:  

ЛЕВАКАНТ: Имрӯз масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант аз рафти кишти пахта ва дигар корҳои саҳроии хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти «Гулистон» дидан намуд. Ба иттилои масъулини бахши кишоварзӣ айни ҳол кишти пахта ҷараён дошта хоҷагидорон аз 1030 га нақшаи кишти пахта 950 га-ро кишт намудаанд, ки то ба ин рӯз 92%-и иҷроиши нақшаро ташкил медиҳад. Кишти пахта ҷараён дошта барзгарон азм доранд, ки то охири ҳафтаи ҷорӣ нақшаи кишти пахтаро ба пурагӣ иҷро намоянд.

Картошка сабзавот ва дигар зироатҳо мувофиқи нақша дар ҳамаи хоҷагиҳо кишт гардида парвариши хуб доранду корҳои агротехники аз ҷониби меҳнаткашон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст.

Инчунин масъулин барои аз вазъи обтаъминкунӣ бохабар шудан аз пойгоҳҳои обтаминкунии ҷамоат дидан намуданд, ки алҳол насосҳои обкаши пойгоҳ фаъол буда, хоҷагидорон бо об таъмин мебошанд.

Масгулини Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ аз  дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам дурусту хубтар ба роҳ мондани корҳои саҳроӣ, кишту парвариши саривақтии зироатҳои техникию полезӣ, истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ва рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин, захираи дурусти маводи ғизоӣ, таъмини сабади истеъмолии сокинон ба масъулини соҳаи кишоварзию хоҷагидорон, ёдовар шуданд.