ТОЗАГИВУ ОБОДКОРӢ-ГАРАВИ САЛОМАТӢ!

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

ЛЕВАКАНТ: Ҷиҳати иҷрои дастури барқияи телефонии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз 6 март №1/2-08 оид ба роҳандозӣ намудани корҳои тозагию ободони  аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар гирду атрофи бинои Кумита  гулҳои мавсимӣ шинонида шуд.

Бояд тазаккур дод, ки иқдомоти мазкур дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо дар бораи густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳр сурат гирифта, то Ҷашни 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбанд.