МАРАФОНИ “ВЕЛОСИПЕДРОНӢ” БАХШИДА БА ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Варзиш барои ҷавонон бисёр муҳим аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оммавӣ гардонидани варзиш ҳамеша кӯшиш менамоянд. Вобаста ба сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Левакнат “Марафони велесипедронӣ”  бо иштироки наврасон ва ҷавонон баргузор карда шуд. Велосипедронӣ яке аз варзишҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.    

Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур ҷиҳати таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, ҷалби ҷавонон ба варзиш, оммавияти варзиш, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гунаҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ба ҳисоб меравад.