АМАЛИ НАМУДАНИ РОҲНАМО БАРОИ ҶАЛБИ "САРБОЗИ ИХТИЁРӢ"

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Яке  аз  рукнҳои   муҳимтарини  давлатдорӣ  васипари боэътимоди он Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд. Ҷавонони мо, ки ояндаи давлат ва миллати сарбаландамон мебошанд,  бояд донанд, ватандориву ватандӯстӣ, расидан ба қадри сарзамини аҷдодӣ ва ҳифзи осудагиву оромии он барои ҳар фарзанди бонангу номуси миллат ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҷаҳонбинӣ ва заковати баланди худшиносиву ватанпарастӣ, пос доштани муқаддасоти миллӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳамаи маҳаллаҳо ва деҳаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳри Левакант  корҳои тарғиботву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳиро баргузор намуда, ба ҷавонон фаҳмонида дода шуд, ки хизмат ба Ватан –Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишони камолоти инсонии ҳар як ҷавони кишварамон аст.

Вобаста ба амалӣ намудани Роҳнамо барои ҷалби “Сарбози ихтиёрӣ”  ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар байни ҷавонони синни даъватӣ Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб  ҳамарӯза дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ташкилоти “Мададгори мудофиа” дар шаҳри Левакант, корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода ҷалби онҳоро барои хизмат ба Артиши миллӣ зиёд менамоянд.