БОЗИИ "ШАШКА" ҚАВИКУНАНДАИ ЗЕҲН.

Левакант: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҷиҳати ҷалби ҷавонон ва хонодагони муссисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба варзиш, алалҳусус варзиши зеҳнӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маорифчиён"-и шаҳри Левакант, миёни ҷавонондухтарон мусобиқаи “Шашка” ташкил ва баргузор карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки бозии шашка барои рушди зеҳнии наврасону ҷавонон мусоидат намуда, дар баробари рушди зеҳнии инсон ҳамзамон, ин бозӣ дар инсон хислатҳои накӯро, аз қабили инсондӯстӣ, дурбинӣ, накӯкорӣ, воқеанигорӣ, мустақилона фикр рондан ва масъулиятшиносиро тавлид менамояд.