ЛЕВАКАНТ: МАҶЛИСИ ЧАМБАСТИ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "САЙЁҲ"

Левакант: Ҳисобот  
Дар ташкилоти ибтидоӣ ҳизбии “Сайёҳ” маҷлиси чамбасти сол доир гардид. Дар маҷлис масъалаҳои зерин, фаъолияти дар соли 2023 ва нақшаҳо барои соли 2024, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2024, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб, масъалаҳои ташкилӣ ва тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта ҳамзамон қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии тоҷикистон дар шаҳри Левакант Тоҷидинов Ориф зимни суханронии хеш ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони мамлакат, ки 28.12.2023 ироа гардид, пайгирӣ намуда, шарҳу муҳтавои онро дар байни кормандони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сайёҳ” мазмуну муҳтавои паёмро расонида, таъкид доштанд, ки мо минбаъд дар асоси Паёми навбатӣ нақшаи корӣ ва фаъолиятамонро амалӣ созем. Инчунин масъулин зимни баромадашон бобати масоили ҳалталабе, ки имрӯзҳо ҷомеаи моро иҳота кардааст, ёдовар шуда, қайд намуданд, ки нисбат ба ҷараёни зиндагӣ бепарво ва бемасъулият набошем, зеро имрӯзу фардои кишварамон бо мо ва наслҳои оянда вобастагии калон дорад.