БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “СЕМЕНТИ РУШДИ ХАТЛОН”

Левакант: Ҳисобот  

Дар асоси талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва қарори маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Тоҷидинов Ориф дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сементи рушди хатлон” маҷлиси ҷамъбасти доир гардид.

Кори маҷлисро котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сементи рушди хатлон” кушода, оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар моҳи декабри соли 2023 ҳисобот дод. котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Сементи рушди хатлон" иброз дошт, ки ҳизбиёни ташкилот бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо ба роҳбарӣ гирифтани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самарабахш фаъолият дошта, тасмим гирифтаанд, ки ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз ҳам бештару хубтар фаъолият карда, баҳри пешрафт ва шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт ва ҷашнҳои дар пеш истодаро бо туҳфаҳои арзанда пешвоз хоҳанд гирифт.

Сипас, Тоҷидинов Ориф-муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вазъи имрӯзаи сиёсии ҷаҳон ва оид ба дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон избрози андеша карда, ҳозиринро ба ҳушёрии сиёсӣ ва масъулияти баланд доштан дар фаъолияти ҳизбӣ талқин намуд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Тоҷиддинов Оъриф оиди иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти мазкур ёдрас намуда, аз тамоми аъзоён барои анҷоми корҳои ободониву созандагӣ даъват ба амал овард.