ЛЕВАКАНТ: ИДОМАИ МАҶЛИСҲОИ НУҲМОҲА

Левакант: Ҳисобот  

Имрӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш” маҷлиси ҷамъбасти нуҳмоҳа баргузор гардид.

Дар маҷлис фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии болозикр дар нуҳ моҳи соли 2023 мавриди таҳлил ва хулосабардорӣ қарор дода шуд.

Зимни суханронӣ раиси ташкилот Солиев О иброз дошт, ки ҳизбиёни ташкилот бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкорона ва созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо ба роҳбарӣ гирифтани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самарабахш фаъолият дошта, тасмим гирифтаанд, ки ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон боз ҳам бештару хубтар фаъолият карда, баҳри пешрафт ва шукуфоии Ватани азиз саҳми арзандаи худро хоҳанд гузошт ва ҷашнҳои дар пеш истодаро бо туҳфаҳои арзанда пешвоз хоҳанд гирифт.

Дар рӯзномаи маҷлис ҳамзамон масъалаҳои зерин:

“Роҳандозии тадбирҳо вобаста ба таҷлили 30 солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”;

“Рафти амалишавии “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”

“Аҳамияти умумиҷаҳонии пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон шудани соли 2025” пешниҳод гардида, баррасӣ ва вобаста ба масъалаҳои матраҳгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар маҷлис муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Тоҷидинов Ориф иштирок намуда, фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ҷавонон ва варзиш”-ро қаноатбахш арзёбӣ кард ва зимнан оид ба масъалаи муҳими рӯз, аз қабили пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ба таълимоти ғайрирасмии динӣ ҷалб шудани наврасону ҷавонон, пайравӣ накардан ба фарҳанги бегона, тарғиби истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни аҳолӣ, вокуниш нишон додан алайҳи андешаҳои иғвогароёнаву фитнаангезонаи хоинони миллату давлат, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, гиромидошти арзишҳои давлативу миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ, тарғибу ташвиқи ғояҳои башардӯстона, фарҳангпарварона, бунёдкоронаву созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.

Дар охир дар маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз рӯи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул намуд.

Дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант